Абитуриент

Ба таваҷҷуҳи хатмкардагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи пешгирии таъсири бемории сироятии COVID-I9 ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мактуби Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28.07.2020. №121011 “Оид ба розигии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҷиҳати қабули довталабон бидуни Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара барои қабули довталабон тариқи анъанавӣ дар доираи замимаи Иҷозатнома оид ба пешбурди фаъолияти таълимии филиал ва нақшаи қабули муассиса барои соли таҳсили 2020- 2021 ба миқдори 150 нафар тариқи шартномавӣ иҷозат дод.Аз ин лиҳоз, довталабон метавонанд, барои таҳсил дар филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара аз рӯйи 12 ихтисоси зерин тариқи шартнома ҳуҷҷатҳои худро пешниҳод намоянд:

1. Мошинҳо ва дастгоҳҳои истеҳсоли маводи хӯрока.

2. Мошинҳо ва дастгоҳҳои истеҳсолоти химиявӣ ва корхонаҳои масолеҳи сохтмон.

3. Технологияи вакуумӣ ва компрессорӣ.

4. Технологияи масолеҳи сохтмонӣ дар асоси моддаҳои часпак.

5. Технологияи нигоҳдорӣ ва коркарди ашёи хоми ғизоӣ.

6. Тарҳрезӣ ва технологияи маҳсулоти дӯзандагӣ.

7. Саноатӣ борпечонӣ (технология ва таҷҳизоти саноатӣ борпечонӣ).

8. Коркарди бадеии чӯб.

9. Сафоли бадеӣ.

10. Технологияи сафоли сохтмонӣ ва функсионалии тунук.

11. Таъминоти техникии равандҳои саноати хоҷагии деҳот.

12. Технологияи ғизои функсионалӣ ва кӯдакона.

Довталабон метавонанд, ҳуҷҷатҳои худро то 31-уми август (бе истироҳат) ба комиссияи қабул, ки дар филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара ҷойгир аст, супоранд.Имтиҳоноти қабул тариқи анъанавӣ дар филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара сурат мегирад.Марҳамат барои таҳсил ба донишгоҳи мо.Аз имконияти хуби фароҳамомада барои таҳсил истифода баред.

Телефон барои иртибот: 918 87 33 49.