Кафедра промышленных технологий и естественных наук

Кафедраи технологияҳои саноатӣ ва фанҳои табиӣ аз соли таъсисёбии ФДТТИ, яъне соли 2012 арзи вуҷуд дошта ҳамқадами асосӣ ва пойдевори муассисаи таълимӣ ҳисоб меёбад. Ихтисосҳои асосии кафедра дорои самти муҳандисию техникӣ мебошанд. Алҳол дар кафедра аз рӯи ихтисосу равияҳои зерин мутахассисони дараҷаи бакалавр омода карда мешаванд:

1-36.20.04 – Техникаи вакуумӣ ва компрессорӣ;

1-36.07.01 – Мошинҳо ва дастгоҳҳои истеҳсолоти химиявӣ ва     корхонаҳои масолеҳи сохтмон;

1-36.09.01 – Мошинҳо ва дастгоҳҳои истеҳсоли маводи хӯрока;

1-36.20.02.03 – Саноати борпечонӣ (технология ва таљҳизоти саноати борпечонӣ);

1- 48.01.01.07 – Технологияи масолеҳи сохтмонӣ дар асоси моддаҳои часпак;

1- 49.01.01 – Технологияи нигаҳдорӣ ва коркарди ашёи хоми ғизоӣ;

1-50.01.01 – Тарҳрезӣ ва технологияи маҳсулоти дӯзандагӣ;

Ҳайати устодони кафедра 32 нафарро ташкил медиҳад, ки аз онҳо 1 нафар доктори илм, профессор, 6 нафар номзадҳои илм, 15 нафар омӯзгорони калони соҳибтаҷриба мебошанд.

Кафедра дорои блоки азими озмоишгоҳҳои технологиҳои саноатӣ, назорати сифати маҳсулоти гуногун ва устохонаҳои таълими истеҳсолӣ мебошад.

Дар солҳои наздик васеъ кардани доираи ихтисосҳои кафедра ба нақша гирифта шудааст.

Туранбоев Туранбой Ҳамдамович, мудири кафедраи технологияҳои саноатӣ ва фанҳои табиӣ Соли таваллуд 1963. Донишкадаи политехникии Фрунзеро аз рӯи ихтисоси “Технологияи гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ” хатм намудааст. Баъди хатми донишкада дар комбинати гӯшти Вазорати саноати гӯшту шири Ҷумҳурии Тоҷикитон дар вазифаҳои муҳандис -бактериолог, муҳандис – технолог, сардори сех, сардори озмоишгоҳ, сартехнолог кор кардааст. Аз соли 1987 ба собиқ Техникуми саноати хӯроквории Исфара ба кори муҳандисию педагогӣ даъват шудааст. Минбаъд бо табдили техникум ба Мактаби олии техникии таҷрибавии Исфара, баъдан Коллеҷи технологии Исфара дар ин сохторҳо низ фаъолияти омӯзгориро давом додааст. Аз ҷумла аз соли 2000 то 2012 мудирии кафедраи технологияи маводи хӯрокаро ба дӯш дошт. Аз рӯзи таъсиси Филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар ш. Исфара ва ташкили кафедраи технологияҳои саноатӣ омӯзгори калони он мебошад. Аз фанҳои “Технологияи умумии истеҳсолоти хӯрокворӣ”, “Асосҳои илмии истеҳсоли маводи хӯрока”, “Мошинҳо ва дастгоҳҳои хунуккунӣ”, “Таҳлили сенсорӣ”, “Танзими техникӣ”, “Равандҳо ва дастгоҳҳои истеҳсолои хӯрокворӣ”, “Бехатарии маводи хӯрока”, “Лоиҳакашии корхонаҳои саноати хӯрокворӣ”, “Назарияи тарҳрезӣ ва ҳисоби компрессорҳо” ва ғ. дарс мегӯяд. Аз моҳи январи соли 2020 иҷрокунандаи вазифаи мудири ин кафедра мебошад.

Туранбоев Туранбой Ҳамдамович,  мудири кафедраи технологияҳои саноатӣ ва фанҳои табиӣ

Донишкадаи политехникии Фрунзеро аз рӯи ихтисоси “Технологияи гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ” хатм намудааст.