Паём – барномаи амал

Холиқов Музаффар Ғафурович директори ФДТТИ, н.и.и.

Дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 26-уми январи соли 2021 ба Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ пешниҳод гардид, ҳамаи самтҳои фаъолият, сиёсати дохиливу хориҷии давлат ва дурнамои онро фаро гирифтаву ба таври мушаххас амиқ таҳлил гардиданд.Бояд қайд кард, ки Паём дар замири ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ тухми бовар ва умед мекорад, ки давлат ва Ҳукумати кишвари мо новобаста аз вазъи мураккаби сиёсию иқтисодии ҷаҳони имрӯза, доман паҳн кардани пандемияи COVID-19 таваҷҷуҳи худро ба оромиву осоиштагии мардум ҳамасола зиёд менамояд.Дар Паём қайд шудааст, ки дар марҳалаи кунунии пешрафти Тоҷикистон ҳалли масъалаҳои соҳаҳои илму маориф дар меҳвари сиёсати давлату Ҳуукмат қарор дошта, чунки илму маориф дар таҳкими пояҳои давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ мавқеи муҳим дорад.Сарвари давлат чун ҳамешагӣ ба тақдири ҷавонон эътибори ҷиддӣ зоҳир менамоянд ва соҳибмаълумоту соҳибтахассус ва бомаърифату ҳунарманд гардонидани онҳо дар маркази диққаташон қарор дорад. Таъкид гардид, ки агар то замони соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон ҳамагӣ 13 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ бо 69000 донишҷӯ фаъолият мекарда бошад, имрӯз шумораи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба 41, донишҷӯён ба 245 ҳазор ва бо иловаи донишҷӯёне, ки дар хориҷи кишвар таҳсил мекунанд, ба 285 ҳазор нафар расидааст. Зеро таҳсили ҷавонон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии кишварҳои хориҷӣ яке аз ибтикороти муҳимми Ҳукумати мамлакат дар самти рушди илму маориф маҳсуб мешавад. Ҳоло дар хориҷи кишвар зиёда аз 40000 нафар донишҷӯ, магистр ва аспирантҳои тоҷик ба таълим фаро гирифта шуда бошанд ҳам, вусъат бахшидани таҳсили ҷавонони боистеъдод дар хориҷи мамлакат тавассути стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон», барномаҳои байналмилалӣ ва дигар имконоти мавҷуда ҳадафи Ҳукумат ба ҳисоб меравад.Бо вуҷуди ин, масъалаи сифати қабули довталабон ва тарбияи кадрҳо ба бознигарӣ ниёз дорад. Ҳамчунин дастур доданд, ки дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот ба таври ҳатмӣ омӯхтани забонҳои хориҷӣ, махсусан, забонҳои русиву англисӣ ва технологияҳои иттилоотиро ташкил карда, назорати қатъии сифати таълимро дар ин самт ба роҳ монда шавад.Ҷоизи зикр аст, ки барои ҳавасманд гардонидани донишҷӯён ва муҳаққиқони ҷавон соли гузашта маблағ ва шумораи гирандагони стипендияи президентӣ хеле зиёд карда шуданд. Ҳамчунин, охири соли гузашта барои олимону омӯзгорони фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ ҷоизаи махсуси давлатӣ таъсис дода шуд, ки ҳар сол 15 нафар беҳтарин соҳиби он гардида метавонанд. Бо баробари ин, бо мақсади дастгирии давлатӣ ва тақвияти вазъи иҷтимоии донишҷӯёну магистрҳо ва аспиранту докторантҳо пешниҳод намуданд, ки стипендияи онҳо аз 1-уми сентябри соли 2021 ба андозаи 30 фоиз зиёд карда шавад, ки ҳамаи ин тадбирҳо аз мадди назари Сарвари давлат қарор доштани вазъи иҷтимоии ин қишри ҷомеа шаҳодат медиҳад. Таъкид гардид, ки ҳар сол аз институтҳои Академияи миллии илмҳо, академияҳои соҳавӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар то 500 нафар омӯзгорон ва олимону муҳаққиқон барои табодули таҷриба, бозомӯзӣ, таҳсил дар зинаҳои магистратура, аспирантура ва докторантура сафарбар карда шаванд ҳам, ин ҳоло ҳам кам аст.Вобаста ба ин, ба Вазорати маориф ва илм, Академияи миллии илмҳо ва Вазорати рушди иқтисод ва савдо супориш доданд, ки ҷиҳати ҳарчи бештар ба хориҷи кишвар фиристодани ҷавонони боистеъдоду лаёқатманд аз рӯйи равияи илмҳои дақиқ, риёзӣ ва табиӣ «Барномаи тайёр кардани кадрҳои ҷавони илмӣ барои солҳои 2021-2030»-ро таҳия карда шавад.Саҳми олимонро дар рушди иқтисоди миллии кишвар ба инобат гирифта, таъкид карданд, ки онҳо корҳои илмиву таҳқиқотиро дар доираи самтҳое, ки Ҳукумати мамлакат муайян кардааст, вусъат бахшида, фаъолона саҳм гузоранд.Мо аз сиёсати маорифпарварона, дустуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯҳу илҳоми тоза ва тасмим гирифтаем, ки дар соли 2021 ба ҳимояи чор рисолаи номзадӣ комёб гардида, ҷиҳати таҷдиди сохтор, роҳандозии ихтисосҳои нав, таъсиси стипендияҳои ҷадид, тақвияти фаъолияти парки технологӣ, таъсиси корхонаи хурди дӯзандагӣ дар ҳамкорӣ бо коргоҳи “Гулистон”-и шаҳри Душанбе чораҳои амалӣ андешем.Итминони комил дорам, ки олимону устодони филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара ҳам чун кулли кормандони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмӣ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро сармашқи фаъолияти худ қарор дода, тамоми дониш, маҳорату малака ва ҷидду ҷаҳди хешро барои рушду нумӯи иқтисодиёт ва саноатикунонии босуръати кишвар, роҳандозии тадбирҳои “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ дар соҳаи илму маориф”, рушди тафаккури техникӣ ва тавсеаи ҷаҳонбинии илмии ҷомеа, таълиму тарбияи кадрҳои баландитисосу соҳибмаърифат, мутахассисони ҷавобгӯйи талаботи бозори муосири меҳнат, корҳои илмии дар истеҳсолоти ватанӣ ҷоришаванда равона месозанд.