Центр тестирование

1. Низомномаи  мазкур шароит ва тартиби супоридани санҷишу имтиҳонҳоро бо усули тестӣ муайян менамояд.

2. Низомнома ташкил ва тартиби супоридани санҷишу имтиҳонҳо бо усули тестӣ бо назардошти талаботи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти олии касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф таҳия гардидааст.

3. Супоридани санҷишу имтиҳонҳо бо усули тестӣ яке аз шаклҳои назорати марҳилавии савияи дониши донишҷӯён аз рӯи фанҳои таълимӣ ба шумор меравад.

4. Санҷиши дониши донишҷӯён тавассути тест аз як тараф имконияти луқмапартоӣ ва рӯйбардор кардани ҷавобро бартараф намояд, аз тарафи дигар воқеияти ба дониши донишҷӯён баҳогузориро кафолат медиҳад. Фаъолнокии донишҷӯёнро ҳангоми омӯзиши фанҳои таълимӣ баланд мебардорад.

5. Роҳбарии умумии раванди супоридани санҷишу имтиҳонҳоро бо усули тестӣ ҷонишини директор оид ба таълим амалӣ менамояд.

6. Макони баргузории санҷишу имтиҳонҳои тестӣ синфхонаҳои маркази тестии филиал ба шумор меравад.

   II. Вазифа ва ӯҳдадориҳои сохторҳои таркибии филиал, ки ташкил ва баргузории тестиро таъмин менамоянд.

7. Ташкили санҷишу имтиҳонҳои тестӣ, аз ҷониби шӯъбаи таълим, шӯъбаи мониторинг ва назорати сифати таълим, деканат, кафедраҳо ва маркази тестӣ таъмин карда мешавад.

7.1. Кафедраҳо:    

  • таҳияи маҷмӯи саволҳои тестиро аз рӯи фанҳое, ки дар нақшаҳои таълимӣ супоридани санҷиш ва имтиҳон пешбинӣ шудааст, таъмин менамоянд;
  • сифати мисолу масъалаҳои ба тест воридгаштаро месанҷанд ва дар сурати зарурат ислоҳ ворид месозанд;
  • ба шӯъбаи мониторинг ва назорати сифати таълим ва маркази тестӣ маҷмӯи саволҳои тестиро (дар шакли чопӣ ва электронӣ, тибқи дастурамали тартиб додани  тестҳо) бо қарори дахлдори кафедра пешниҳод менамоянд;
  • дар якҷоягӣ бо шӯъбаи мониторинг ва назорати сифати таълим ва маркази тестӣ андозаҳои коркард ва татбиқи тестро муқаррар менамоянд;
  • маълумоти ба шӯъбаи мониторинг ва назорати сифати таълим ва маркази тестӣ ҷиҳати натиҷаҳои тестҳо пешниҳодшударо таҳлил карда, ҳангоми зарурат ба мисолу масъалаҳои тестӣ тағйироту иловаҳо ворид месозанд;
  • ба донишҷӯён ҷиҳати омода гаштани онҳо барои супоридани санҷишу имтиҳонҳо тариқи тест мисолу масъалаҳои таҷрибавӣ пешниҳод менамоянд;
  • азнавсозӣ ва таҷдиди назари ҳарсолаи мисолу масъалаҳои тестиро бо назардошти барномаҳои корӣ таъмин менамоянд.

7.2. Шӯъбаи мониторинг ва назорати сифати таълим, маркази тестӣ: 

  • ба базаи тестӣ ворид кардани маҷмӯи саволҳои тестиро, ки аз ҷониби омӯзгорон вобаста ба ҳар як фанни таълимӣ омода гардидаанд ва теъдоди донишҷӯёнро (ному насаб, рамз, гурӯҳ) аз рӯи факултет ва ихтисос таъмин менамоянд;
  • дар асоси пешниҳоди кафедраҳо муайянсозии андозаҳои коркард ва татбиқи тестҳоро таъмин менамоянд;
  • вобаста ба пешниҳоди омӯзгорон ва бо мувофиқа бо мудири кафедраи марбута ба мазмуну мундариҷаи мисолу масъалаҳои тестӣ тағйироту иловаҳо ворид месозанд;
  • ба донишҷӯён оид ба тартиби супоридани санҷишу имтиҳонҳои тестӣ нишондодҳои меъёрии мухтасар таҳия менамоянд;
  • хусусиятҳои асосӣ ва ҳуқуқҳои истифодабарандагони синфхонаи компютериро муайян менамоянд;
  • санҷишу имтиҳонҳои тестиро ташкил, баргузор ва назорат менамоянд;
  • дар асоси фармонҳои директори филиал ба базаи маълумот тағйироту иловаҳо ворид месозанд;
  • ба омӯзгорони кафедраҳо ҷиҳати фаъолияти синфхонаҳои компютерӣ ва барномаи компютерӣ машваратҳо мегузаронанд;
  • фаъолияти мунтазами системаи тестии синфхонаҳои компютериро таъмин менамоянд;
  • ҷадвали кори синфхонаҳои компютериро тартиб медиҳанд.
  • натиҷаҳои тестро вобаста ба кафедраҳо, фанҳои таълимӣ тартиб дода, барои таҳлил дар охири нимсола ба кафедраҳо ирсол месозанд.
  • ба раёсати филиал, деканат ва кафедраҳо оид ба гузаштани санҷишу имтиҳонҳои тестӣ маълумот манзур менамоянд;

7.3. Деканат:

  • ҷадвали тасдиқшудаи раванди таълимро бо назардошти баргузории санҷишу имтиҳонҳои тестӣ ба шӯъбаи таълим пешниҳод менамоянд;
  • варақаҳои санҷишию имтиҳонии донишҷӯёнро бо назардошти иҷозат додани донишҷӯён барои супоридани  санҷишу имтиҳонҳо ба шӯъбаи таълим пешниҳод менамоянд;

   III. Тартиби баргузории сессияи санҷишию имтиҳонӣ бо шакли тестӣ (санҷишӣ)

8. Бо усули тест супоридани санҷишу имтиҳонҳо аз ҷониби ҳайати пурраи гурӯҳи таълимӣ дар давоми сессияи санҷишию имтиҳонӣ аз рӯи ҷадвали тасдиқшуда сурат мегирад. Ба гурӯҳи таълимӣ барои супоридани санҷиш ва ё имтиҳон дар синфхонаи компютерӣ 30 дақиқа вақт ҷудо карда мешавад. Гурӯҳи академӣ 10 дақиқа пеш аз оғози имтиҳон ба синфхона ворид мегарданд.

9. Барои гузаштан аз тести компютерӣ донишҷӯ дафтарчаи имтиҳонӣ (билети донишҷӯӣ ё ҳуҷҷати дигари тасдиқкунандаи шахсият) пешниҳод мекунад.

10. Донишҷӯён ҳангоми супоридани санҷишу имтиҳонҳо бо тартиби супоридани санҷишу имтиҳонҳо бо усули тестӣ шинос карда мешаванд.

11. Ҳангоми гузаронидани тести компютерӣ аз ҷониби донишҷӯён истифода бурдани китобҳои дарсӣ ва васоити таълимию методӣ, инчунин, маводи дигари ёрирасон манъ аст;

12. Ҳангоми баргузории тест дар синфхона, ба ғайр аз донишҷӯён, ки тариқи тест санҷишу имтиҳон месупоранд, метавонанд, танҳо кормандони маркази бақайдгирӣ ва иттилоотии низоми кредитии таҳсилот, маркази тестӣ, намояндаи деканат ва ё кафедра иштирок намоянд. Иштироки омӯзгорон дар ин вақт манъ аст.

13. Тест дар он сурат супоридашуда ҳисоб меёбад, ки агар холҳои гирифтаи донишҷӯ на камтар аз холҳои муқаррарнамудаи омӯзгор бошад. Маротибаи дуюм танҳо баъд аз супоридани маблағи муайян, ки аз ҷониби раёсати филиал муайян шудааст барои супоридани санҷишу имтиҳон тариқи тест иҷозат дода шавад. Маблағ барои супоридани санҷиш ва ё имтиҳон (тариқи тест) ба хазинаи филиал пардохт карда мешавад. Ҳуҷҷати тасдиқкунандаи пардохти маблағ аз ҷониби донишҷӯён ба маркази бақайдгирӣ ва иттилоотии низоми кредитии таҳсилот пешниҳод карда мешавад. Маркази бақайдгирӣ ва иттилоотии низоми кредитии таҳсилот дар навбати худ ҳуҷҷати тасдиқкунандаи пардохти маблағи донишҷӯёнро барои омода сохтани варақаи санҷишӣ ва ё имтиҳонии тестӣ ба маркази тестӣ пешниҳод менамояд.   

14. Ҳангоми баргузории санҷиш ва ё имтиҳон саволҳои тестӣ барои ҳар як донишҷӯ ба таври тасодуфӣ аз маҷмӯи умумии саволҳои тестӣ, ки мазмуну мундариҷаи фанни талимиро (вобаста ба андозаҳои коркард ва татбиқи муайянгардида) фаро мегирад,  интихоб карда мешаванд.

15. Барои иҷрои саволҳои тестӣ ба донишҷӯ бо назардошти мураккабии мисолу масъалаҳо 10-30 дақиқа ҷудо карда мешавад.

16. Донишҷӯён талаботи қоидаҳои дар синфхонаи компютерӣ муайянгардидаро бояд риоя намоянд. Дар сурати риоя накардани қоидаҳои синфхонаи компютерӣ, аз қабили ислоҳи матни саволнома, бе иҷозат берун шудан аз синфхона, гуфтугӯ  ва ё луқмапартоӣ ба якдигар,  пур кардани ҷавоби саволҳои донишҷӯи дигар ва ғайра донишҷӯро барои  супоридани санҷиш ва ё имтиҳон тариқи тест роҳ надода, баҳои ӯ  «ғайриқаноатбахш» ҳисобида мешавад.

17. Натиҷаҳои тести донишҷӯён дар базаи маълумотҳо дар давоми соли таҳсил нигоҳдорӣ мешаванд.

Махкамов Наимҷон Низомович   — мудири маркази тестӣ.

Соли 2011  Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд-ро  хатм кардааст.

Ихтисос: Муҳандис-барномасоз.

Тел: 98 704 00 22

Худойдодов Рустамҷон Маҳмудович   — мутахассиси пешбари маркази тестӣ.

Соли 2015  Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд-ро  хатм кардааст.

Ихтисос: Муҳандис-барномасоз-иқтисодчӣ.

Тел: 98 700 07 15