Отдел профессионального развития

 Барои дар амал татбиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тайёр  намудани мутахассисони ба талаботҳои бозори мехнат ҷавобгӯ ва рақобатпазир», иҷроиши Барномаи  давлатии рушди таҳсилоти касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  дастури Вазорати маориф ва  илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26-уми феврали соли 2016, таҳти № 05/1-976 “Дар бораи таъсис додани маркази рушди касбият ” дар ФДТТИ шӯъбаи рушди касбият амал мекунад.

Шӯъбаи рушди касбият фаъолияти худро дар асоси Оинномаи ФДТТИ, дастурамал ва супоришҳои директори муассиса ба роҳ мондааст.

Шӯъбаи рушди касбият ташкил ва гузаронидани машварат, тренинг, лексияҳоро бо  корфармоён, намояндагони корхонаҳои дар шаҳри Исфара мавҷудбуда ба роҳ монда, ба донишҷӯён имконият медиҳад, ки бо бозори меҳнат шинос шуда, самти фаъолияти ояндаи худро  муайян намоянд.

Ҳадафи асосии шӯъбаи рушди касбият-мусоидат ва дастгирии рушди касбият ва такмили ихтисоси донишҷӯён ва хатмкунандагон дар бозори меҳнат мебошад.