Дастовардҳо

Барандагони стипендияи Раиси вилоят

3 декабри соли 2020 дар толори қабули расмии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят маросими супоридани стипендияи Раиси вилояти Суғд ба донишҷӯён, магистрантон ва аспирантони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ баргузор гардид.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни тақдими стипендияҳо ба донишҷӯён, магистрантон ва аспирантони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ иброз доштанд, ки ҷавонони кишвар, аз ҷумла, ҷавонони вилояти Суғд дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ, рушди босуботи ҷомеа ва пешбурду татбиқи сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят нақши муҳим доранд.

Боиси ифтихор аст, ки чор нафар донишҷӯёни филиали Донишгоҳи Технологии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара, Орифҷонзода Усулиддин, Неъматуллоев Аслиддин, Иномова Зумрадхон, Турдиева Нилуфар барандагони стипендияи Раиси вилояти Суғд буда, дар ин чорабинӣ иштирок намуданд.

[smartslider3 slider=”5″]