Конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ бахшида ба солҳои 2020-2040

Имрӯз – 17-уми апрели соли равон дар филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар Исфара конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ бахшида ба солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” дар мавзӯи “Неруи зеҳниву сармояи инсонӣ ва рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар” судманду хотирмон баргузор гардид.
Қабл аз оғоз меҳмонон ва иштирокдорон бо намоиши дастовардҳои устодону донишҷӯён шинос гардиданд.
Дар конференсия муовини раиси шаҳр Бобоиён М., устодони коллеҷи тиббии шаҳр таҳти сарварии Юнусова Т.У., роҳбарони муассисаҳои таълимии шаҳр таҳти сарварии Фахриддинов Ҷ., сарвари бахши исфарагии Амонатбонк Назиров А., собиқадорони меҳнат – номзади илмҳои кимиё Эшонов Қ.Қ., Зокиров С.З., соҳибкор Идрисов К. устодону донишҷӯёни филиал ҳузур доштанд.
Маҷлиси умумии конференсия бо сухани ифтитоҳи директори ФДТТИ Ҷавҳарова М.О оғоз ёфт. Қайд гардид, ки имрӯзҳо аҳли зиёи кишвар, аз ҷумла устодони донишҷӯёни филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар Исфара дар партави Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 26-уми декабри соли 2019 ба Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ ироа гардид, суханронии ишон ҳангоми мулоқот бо зиёиён, ки 18-уми март доир гардид, қарор доранд.
Ҳар яки онҳо амиқ дарк кардаанд, ки асри ХХ1 замони пешрафти бесобиқаи илм ва техникаву технологияҳои навин мебошад. Дар чунин шароит рушди минбаъдаи ҳар кишвар аз дастгирӣ ва дар истеҳсолот ҷорӣ кардани дастовардҳои илмӣ вобастагии амиқ дорад.
Аз ин лиҳоз, тамоми дониш, маҳорату малака ва истеъдоду қобилияти худро барои гузоштани саҳми хеш дар рушди босуботи кишвар, дар маъракаи муҳимми бунёдкориву созандагӣ ва иҷрои ҳадафҳои стратегии давлат равона сохта истодаанд.

Имрӯз бе илму инноватсия, технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии техникӣ қадаме ба пеш гузошта намешавад. Аз ин ҷост, ки дар доираи рушди илмҳои муосир саноатикунонии босуръати кишварро ҳадафи чоруми стратегии мамлакат эълон карда шуд.
Дар ин раванд, мақсад гузошта шудааст, ки истифодаи технологияҳои муосирро дар тамоми соҳаҳои иқтисоди миллӣ густариш дода, тафаккури техникии аҳолӣ, дар навбати аввал, ҷавононро тақвият бахшем, барои пешрафти илмҳои бунёдӣ ва техникиву технологӣ фазои мусоид фароҳам оварем.
Маҳз бо ҳамин мақсад Сарвари давлат солҳои 2020-2040-ро бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ эълон карданд ва изҳори бовар карданд, ки ин иқдом ба рушди тафаккури техникӣ ва тавсеаи ҷаҳонбинии илмии ҷомеа такони ҷиддӣ мебахшад.
Дастуру супоришҳое, ки дар Паём ва ҳангоми мулоқот бо зиёиён баён гардиданд, ҳар яки моро водор месозанд, ки беш аз пешу беҳ аз дирӯза меҳнат кунему заҳмат кашем ва баҳри рушди босуботи кишвар, тайёр кардани мутахассисони бозоргир ва баробари ин пажӯҳишу тадқиқоти ҷолибу самаровар бурда, иҷрои чор ҳадафи стратегии давлат саҳми арзандаи худро гузорем.
Ҳадафи баргузории конференсияи имрӯза низ ҳамин аст.
Муовини раиси шаҳр Бобоиён М. аз мавқеи мактаби олии Исфара дар рушду нумуи кишвар ёдовар шуда, ба кори конференсия барор таманно намуд.
Дар маҷлиси умумӣ номзади илмҳои техникӣ, дотсент Абдуллоев М. дар мавзӯи “Захираҳои табиии Тоҷикистон ва саноатикунонии босуръати кишвар”, саромӯзгори кафедра иқтисодиёт Раҳимова С.Б. дар мавзӯи “Омилҳои асосии рушди сармояи инсонӣ”, мудири шуъбаи илм, саромӯзгори кафедраи иқтисодиёт Шаропова Н.Ҳ. дар мавзӯи “Соҳаи маориф ва сармояи зеҳнии инсонӣ”, саромӯзгори кафедраи фанҳои гуманитарӣ Мамадҷонов С. дар мавзӯи “Саҳми фиристодагони халқи тоҷик дар ғалабаи бузург”, мудири шуъбаи ҷавонони филиал Заҳайризода З. дар мавзӯи “Саразм – ёдгории қадимаи тоҷикон” суханронӣ намуданд. Аз рӯйи маърӯзаҳои музокираҳо сурат гирифт ва маърӯзачиён ба саволҳои сершумори иштирокдорон посух гуфтанд.
Дар фарҷоми маҷлиси умумӣ барномаи фарҳангии шуъбаи ҷавон ва бахши фарҳанги таълимгоҳ, ки саршор аз шеъру суруд дар васфи Ватан, дониш, рақсу намоиши либосҳои миллии тоҷикӣ буд, манзури ҳизирин гардонида шуд.
Баъд аз танаффус дар чор бахш: “Неруи зеҳниву сармояи инсонӣ ва ҳалли қазияҳои иқтисодӣ”, “Неруи зеҳниву сармояи инсонӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар”, “Неруи зеҳниву сармояи инсонӣ ва мавқеи фанҳои гуманитарӣ дар рушди босуботи кишвар”, “Неруи зеҳниву сармояи инсонӣ ва омӯзишу рушди фанҳои табиатшиносию дақиқ” конференсия идома ёфт.
Ба конференсия беш аз 70 мақолаи устодону олимон, докторанту аспирантон, магистранту донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, Донишкадаи сайёҳӣ соҳибкорӣ ва хизмат, Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд (PhD Институти иқтисодии АИ ҶТ, Коллеҷи техникии шаҳри Хуҷанд, коллеҷи тибби шаҳри Исфара ва филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар Исфара пешниҳод гардида буданд.
Маводи конференсия дар шакли китоб интишор мегардад.