Табодули таҷриба

Ҷиҳати амалигардонии дастуру супоришҳое, ки аз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 26-уми январи соли 2021 дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ оид ба афзоиш додани сафарбаркунии омӯзгорон ва олимону муҳаққиқон аз институтҳои Академияи миллии илмҳо, академияҳои соҳавӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар барои табодули таҷриба, бозомӯзӣ ва таҳсил дар зинаҳои магистратура, аспирантура ва докторантура қайд гардида буд, 25- феврал ба филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара тибқи мактуби расмӣ устодони Донишкадаи куҳӣ – металургии Тоҷикистон н.и.т., Осими Оқил ва мутахассиси пешбари Раёсати таълим Боев Б.М. ба хотири табодули таҷриба ташриф оварданд. Устодон аз нақшаи кории кафедраҳо, нақшаи кории шӯрои олимони ҷавон ва аз нақшаву барномаҳои таълимӣ дидан намуданд. Сипас ба омӯзгорони ҷавон ва хатмкунандагон дар мазӯи “Таҳияи рисолаи магистрӣ” семинари омӯзишӣ гузаронида шуд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *