Кафедраи фанҳои гуманитарӣ

Маълумотномаи кафедраи фанҳои гуманитарӣ

Кафедраи фанҳои гуманитарии филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара моҳи январи соли 2019 таъсис ёфта, аз ҳамон вақт ин ҷониб вазифаи мудириро н.и.ҳ., дотсент Носиров Н.Б. бар дӯш дорад. Ҳайати кафедраи фанҳои гуманитарӣ аз 21 нафар омӯзгор иборат буда, се нафар номзади илм, ду нафар дотсент, ҳашт нафар омўзгори калон, шаш нафар ассистент (омўзгор) ва ду нафар коромўз-тадқиқотчӣ мебошанд.

Бояд қайд намуд, ки кафедраи фанҳои гуманитарӣ фаъолияти хешро дар асоси нақшаи кории кафедра, нақшаи фаъолияти ФДТТИ, дастуру супоришҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру супоришҳои Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Паёмҳои Президенти кишвар ва қонунгузории танзимкунандаи соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мондааст. Кафедра корҳои таълимӣ, методӣ, ва тарбиявию ташвиқотиро тибқинақшаи кории тасдиқшудаи кафедра пеш бурда истодааст.

Боиси хушбахтӣ ва сарфарозист, ки моҳи январи соли 2020 яке аз омӯзгорони калони кафедра, директори филиал Ҷавҳарова М. рисолаи номзадии худро дар мавзӯи ““Юсуф ва Зулайхо”-и Ховарии Шерозӣ ва муқоисаи он бо достони ҳамноми Абдураҳмони Ҷомӣ” дар Шӯрои дифои рисолаҳои докториву номзадии ДДОТ ба номи С. Айнӣ сарбаландона дифоъ намуданд.

Доимо бо ташаббус ва иштироки фаъоли устодони кафедра конфронс, мизи мудаввар ва вохӯриҳо бо намояндагони мақомотҳои ваколатдори давлатӣ гузаронида мешаванд, аз ҷумла:

  1. Моҳи июни соли 2019 мизи мудаввар дар мавзўи “Терроризм- ватан, миллат ва мазҳаб надорад”;
  2. Санаи 6-уми сентябри соли 2019 Конфронси дохилидонишгоҳӣ бахшида ба 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи “Дастовардҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва ҳуқуқии даврони истиқлолият”, вохӯрии Раиси суди шаҳри Исфара бо донишҷӯён ва омӯзгорони ФДТТИ;
  3. Санаи 2-юми ноябри соли 2019 Конференсияи илмию амалии минтақавӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 25- солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 75-солагии собиқ директори Коллеҷи технологии Исфара, доктори илми иқтисодӣ, профессор Тешаев А.Т. дар мавзӯи “Ҳалли қазияҳои иқтисодӣ баҳри расидан ба рушди босуботи кишвар”;
  4. . Санаи 7.11.2019 мувофиқи мактуби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31-уми октябри соли 2019, таҳти №05/5-878 баргузории давраи сеюми озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ…” бо ташаббуси омӯзгори калони кафедра Ризобоева Н дар китобхонаи марказии донишгоҳ;
  5. Санаи 14.11.19 мизи мудаввар бахшида ба Рӯзи Президент бо ҳамкорӣ бо китобхонаи ФДТТИ, ва музеи шаҳри Исфара;
  6. Санаи 16.11.19 дар даромадгоҳи донишгоҳ намоиши китобҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Раҳмон бо номи “Сеҳри қалами Пешво” шуда гузашт, ки аз он омӯзгорон, коргарон ва донишҷӯён дидан намуданд.

Кафедраи фанҳои гуманитарӣ минбаъд низ дар пешрафти илму маорифи ватани азиз саҳми худро мегузорад.