Шарҳу тавзеҳи паёми пешвои миллат дар ФДТТИ

Таҳти унвони “Паём – барномаи саодати зиндагӣ” сеюми феврал дар филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара маҳфили судманд баргузор гардид. Дар ҳамоиш раҳбарияти донишгоҳ, декани факултет, мудирони кафедраҳо, роҳбарони гуруҳҳои академӣ иштирок намуданд.Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод гардид, иброз намуд директори донишгоҳ, н.и.и., Холиқов М.Ғ. дар оғози мулоқот. Зикр шуд, ки омили асосии пешрафти ҳар ҷомеа дар ҳама давру замон соҳаи илму маориф ба шумор меравад. Миллати бомаърифат ҳамеша хостгори рушду босуботи Ватанаш буда, дар ин замина насли ояндасозро барои фаро гирифтани донишҳо ҳидоят мекунад. Пешвои миллат ҳамеша ба соҳаи маориф ва илм афзалият медиҳанд ва ин матлаб дар Паёми имсола низ мушоҳида гардид. Аҳли илму маорифи кишвар аз он саодатманданд, ки дар Паёми навбатӣ низ Роҳбари давлат ба рушди соҳа, пешрафти ҳамаҷонибаи он таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, дурнамои рушд ва роҳу равишҳои навини таҳаввули илму маорифи кишварро ба таври мушаххас барномарезӣ намуданд. Сипас, аз ҷониби муовини директор оид ба таълим ва илм Солиев З. ва муовини директор оид ба тарбия ва равобити хориҷа Мусаямова К. Паёми Сарвари давлат ба Маҷлиси Олии мамлакат шарҳу тавзеҳ гардид.Таъкид шуд, ки пешниҳоди бисёр муҳимми Пешвои миллат дар Паём, эълони озмуни ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Илм – фурӯғи маърифат» мебошад, ки дар баробари озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» барои хонандагону донишҷӯён ва устодони риштаҳои илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ баргузор мешавад. Дар идома, баромадкунандагон дар мавриди сиёсати дохиливу хориҷии мамлакат, ки дар Паём Пешвои миллат ба он таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд, изҳори назар карданд.Баъдан сарвари донишгоҳ аз роҳбарони гурӯҳҳои академӣ даъват ба амал овард, ки дар соатҳои кураториву дарсҳои тарбиявӣ Паёми Пешвои миллат ба таври васеъ ба донишҷӯён омӯзонида шавад. Он дастуру супоришҳое, ки аз ҷониби Сарвари давлат дар Паём зикр гардиданд, барои амалинамоии он якҷоя бояд заҳмат кашем. Дар интиҳо таъкид шуд, ки Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олиии кишвар барномаи мукаммали рушди соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи мамлакат буда, омӯзиши амиқи он ва дар амал татбиқ гардонидани дастуру супоришҳои зикрёфта, вазифаи ҳар сокини ба ору номуси кишвар мебошад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *