Хуш омадед!

Филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шахри Исфара яке аз мактабҳои олии бонуфузи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта дар он тарбия ва тайёр кардани мутахассисони варзидаи дорои тахассуси олӣ дар риштаҳои технологӣ, иттилоотӣ, иқтисодӣ, механикӣ, педагогӣ ва дизайнерӣ сурат мегирад.
Дар солҳои ҷанги бузурги ватанӣ (1943с) техникуми саноатӣ-консервабарории шаҳри Одессаи Украина ба шаҳри Исфара кӯчонида кори худро оғоз намуд ва бо Қарори шӯрои Камиссаррони халқ (совпарком) дар шаҳри Исфара техникуми саноатӣ консервабарорӣ ташкил карда шуд. Баъдтар ин муассиса ба техникуми саноати хӯрокворӣ мактаби олии таҷрибавӣ, коллеҷи технологии Исфара ва охирон бо дастгирии Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №218 аз 02.05.2012 ба филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара табдил дода шуд. Ҳоло дар сохтори филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара 1 факултет ва 3 кафедраи ихтисосӣ мавҷуд буда, филиал аз рӯи 11 ихтисос барои ҳоҷагии халқ мутахассис тайёр менамояд. Филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара бо як қатор таълимгоҳҳои Федератсияи Русия ҳамкорӣ менамояд. Дар раванди ин ҳамкориҳо бо институти технологии саноати хӯрокворӣ ба университети техникии шаҳри Кемеровои Федератсияи Русия мустаҳкам намуда, барои дар оянда донишҷӯёни Филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара барои давом додани таҳсил аз ҳисоби буҷа метавонад дар магистратура ва аспирантура дар ин мактабҳои олӣ таҳсили худро давом диҳанд. Фаъолияти пурсамар дар самти таълим ва корҳои илмии тадқиқотӣ дар лоиҳаҳои барномаҳои GIZ ва LOGO-и Олмон назаррас мебошад. Донишҷӯёни аз рӯи лоиҳаҳои барномаҳои  LOGO дар Олмон тайи чанд сол мегузаранд. Устодони филиал аз рӯи барномаи GIZ корҳои эҷодию таълимии худро пурсамар намуда истодаанд. Дар филиал ҳоло зиёда аз 550 нафар донишҷӯ 1 доктори илм 25 номзади илм аз ҷумла узви академияи муҳандисии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дотсентҳо фаъолият менамояд.
Филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара мувофиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси иқдоми неки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон 2-юми майи соли 2012 таҳти № 218 дар заминаи коллеҷи технологии Исфара таъсис ёфтааст.
Филиал мувофиқи иҷозатномаи АУ № 0002177-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16-уми ноябри соли 2016 барои пешбурди фаъолияти таълимӣ ҳуқуқ ва мувофиқи иҷозатнома барои тайёр кардани дараҷаи бакалавр аз рӯйи 11 ихтисос иҷозат дорад.

Ҷустуҷӯ

Тамос


  • тел: 83462-2-33-51
  • тел: 84362-2-49 73

Суроға


  • Суроға: ш. Исфара, кӯчаи Абдурасул Ҷӯраев, 52

ФДТТИ © 2019. Desing By XP